Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад

Posted Tue, 12/05/2023 - 08:56
By shahnavoz

4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии  Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.

Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.

Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт зарур шумурда шуд.

   Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.