Хабар
11-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.
Дар ҷараёни фестивал-симпозиум ташкили дарсҳои маҳорат бо услуби «Устод – шогирд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар назар аст. Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи консертии ҳунармандони тоҷик дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мегардад.
Ба ифтихори Рӯзи шашмақом, ки дар мамлакат ҳамасола 12 май гузаронида мешавад, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар дастгирӣ ва рушди ин санъат нақши муҳим гузошт. Инчунин дар ҳамин сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радио мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
Ёдовар мешавем, ки шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ба ифтихори ин ганҷинаи бебаҳои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.