ИТТИЛОИЯ

Posted Mon, 03/18/2024 - 10:32
By shahnavoz

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 21 ва 22 март дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борони шадид дар назар дошта шудааст.

Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.

Бознашр аз сомонаи МИҲД ш.Душанбе.