Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд 30.03.2023

Posted Fri, 03/31/2023 - 10:18
By shahnavoz

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон - Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.