Иштирок дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад”
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, Подшоҳи Нидерланд, Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, инчунин роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лотта Таҳтинен чорабиниро оғоз карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраиси Конфронси оби СММ, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр дод.