Иштирок дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Posted Fri, 03/24/2023 - 11:07
By shahnavoz

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон - ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.

Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.