Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, парчамро парафшон намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметан дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он барои сайру гашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам карда шудааст.
Иншоот дар масоҳати 1000 метри мураббаъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкори ватандӯст Шаҳбоз Қодиров бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонию ободониро дар иншоот мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшонсохтмон” дар муддати кутоҳ бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва тарҳи муосир анҷом додаанд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Урметан дар умум бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад.
Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад.