Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:02
By shahnavoz

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.