Ифтитоҳи коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар

Posted Tue, 04/25/2023 - 09:48
By shahnavoz

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд.

Коргоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 0,6 гектарро ташкил дода, аз долони қабули паранда, забҳхона, ҳуҷраҳои тозакунӣ, поракунӣ, банду баст, сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Технологияи васлу насбшударо, ки навтарин ва рақамӣ буда, тавассути компютер идора карда мешавад, бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи парандапарварӣ аз хориҷи кишвар ворид кардаанд.

Ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар коргоҳ имкон аст дар як рӯз то 10 ҳазор сар паранда забҳ карда шавад. Сардхонаи иншоот аз 7 анбори мутобиқ ба талабот иборат мебошад ва сардӣ дар дохили ҳар кадоми он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегардад. Барои дастрас намудани паранда ва интиқол додани гӯшти он то ҷои лозима 7 нақлиёти махсус харидорӣ карда, мавриди истифода қарор додаанд. Ин намуди хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо корхонаҳои парандапарварӣ роҳандозӣ карда шудааст.