Ифтитоҳи Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.
Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.
Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш боз 10 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки металл ба коргоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардида, раванди коркард ва истеҳсоли конструксияҳо тавассути хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва амсоли ин бо шаклу анзодаҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд коркард ва истеҳсол мегардад.