Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Гулистон

Posted Wed, 11/15/2023 - 10:41
By shahnavoz

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорида, онҳоро ба ин муносибат табрику таҳният намуданд.

Иншооти мазкур дар шаҳри Гулистон дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кутоҳ бунёд гардидааст.

Бино дорои хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагӣ буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо ҷалби 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мебошад.

Дар бинои нав 6 нафар аз соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин гардиданд.

Ҳуҷраҳои бино бо тамоми шароити зарурии рӯзғор ҷиҳозонида шудааст. Намои беруна ва дохили биноро бо санъати меъмории миллӣ оро додаанд.   

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар иншоот соҳибони хуштолеи онҳоро ҷиҳати равона намудани малакаю кордонӣ дар самти ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд.