Гузоштани санги асос барои бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор”-и роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара - Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду азнавсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.
Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа, қитъаи роҳи мошингарди Левакант - Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад.
Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант ва Левакант - Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Марҳилаи сеюм бошад, бунёду навсозии қитъаи роҳи Лолазор - Данғара мебошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 18,96 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Бо таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 3 техникӣ баробар мешавад.