ЭЪЛОН
Вобаста ба дархости зиёди тамошобинони телевизион рӯзҳои 14 ва 15-уми марти соли ҷорӣ соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мегардад, зеро бо сабаби маҳдудият дар таъмини неруи барқ сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҷараёни мулоқотро ба пуррагӣ тамошо карда натавонистанд.