ДУШАНБЕ -нигине дар қалби Тоҷикистон.

Posted Mon, 07/24/2023 - 16:11
By shahnavoz

Душанбе шаҳри зебоманзаре дар соҳили дарёи пуртуғён ва куҳҳои сар ба афлоку қуллаҳои барфпуш.Дар фазои беғубораш кафтари сулҳ бол мекушояд. Мо дар шаҳре зиндагӣ мекунем,ки орзуҳои нек дар он ҷо амалӣ мегарданд.Шаҳри ҷавонӣ,шаҳри ишқу ормон аст Душанбе.

Аз файзу баракати соҳибистиқлолии мамлакат ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфт,ки тамоми сокинони мамлакатро дар худ сарҷамъ сохт.Танҳо шахсе чунин шоҳкориҳои бузурги асрро амалӣ гардонида метавонад,ки дар замираш эҳсоси худшиносию худогоҳӣ,шаъну шарафи ватандорӣ,миллатдӯстию фарҳангпарварӣ дошта бошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии кишвар қаҳрамониҳое карданд,таърих онро ёд надорад.Беҳтарин неъмате,ки мардуми мо ба он сазовор гардид таъмини сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мадум мебашад.Шодравон Масъуди Сипанд шоири ориёитабори муқими Амрико (муаллифи шеъриМан ориёиям”,ки илҳом аз суханрониҳои Пешвои миллат гирифтааст) зимни андешаҳои худ иброз намуда буданд,киҲар маротибае ба Душанбе меоям як соли он ба мисоли 10 соле рушд намудааст.Инҷо ба таъриху фарҳанг,гузаштагони пурифтихори тамаддуни башарӣ арҷ мегузоранду инсонро қадр менамоянд.Душанбе воқеан маркази тамаддуни ориёист”.

Солҳои охир бо тадбирҳои ватандӯстона ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон ба рушди бемайлони худ ноил гардид.Тарҳи нави биноҳои истиқоматию маъмурӣ,ки ифодагари санъати баланди меъморӣ ва шаҳрсозии ниёгонамон маҳсуб меёбанд,қомат афрохтанд.Душанбе акнун шаҳри афсонавиеро мемонад,ки дар он зебоӣ,ҷавонӣ,шукуфоиву навсозӣ,ифтихору ватандорӣ ва шаъуну шарафи шаҳрвандӣ таҷассум мегардад. Солҳои охир шаҳри Душанбе мизбони даҳҳо нишасту ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба монанди ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси сатҳи баланд, таҳти унвони Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо тероризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”,Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва даҳҳо чорабиниҳои дигар гардид. Давоми солҳои 2020-2021 Душанбе -кишвари саёҳии кишварҳои узви СҲИ эълон гардид.Сарсабзию хуррамӣ, тозагию назаррабоии гулгашту боғҳои фарҳангӣ ва кучаю хиёбонҳои Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳи меҳмонону саёҳонро ончунон ҷалб намудааст,ки орзуи дубора ба ин сарзамин омаданро менамоянд.Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор боғҳои фарҳангии худуди пойтахти кишвар бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.БоғҳоиПарчами миллӣ”, “Нишони миллӣ”, “Ирам”, “Устод Рӯдакӣ”, “Қасри миллат”, “Сомон”, “Курӯши кабир”, “Умари Хайём”, “Аҳмади Дониш”, “Фирдавсӣ”, “Кӯли ҷавонон”, “С Айнӣ” , “Дӯстӣва ғайраҳо бо риояи меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ, намунаи олитарини шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз шаҳри Душанбе ба калонтарин маркази илмӣ,фарҳангӣ,сиёсӣ,саноатӣ ва маъмурии кишвар табдил ёфтааст. Ҳар як сокини бо нангу ори кишварро зарур аст,ки Душанбе, пойтахти кишвари соҳибистиқлоламонро ҳамчун оинаи беғубори Тоҷикистони биҳиштосо тозаву беолоиш ва хурраму обод нигоҳ доранд.Зеро сокини пойтахт будан ифтихор ва масъулияти бузург аст.