Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни байналмилалии «Садоҳои Наврӯз» сазовори ҷои аввал гардидан
Ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Садоҳои Наврӯз» («Навруз садолари»), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, соҳиби ҷои аввал гардид.
Натиҷаи заҳматҳои устодон, меҳнати пурсамар ва маҳорати баланди навозандагӣ ба донишҷӯён имкон дод, ки дар байни иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи аввал гарданд.
Ин дастовард мояи ифтихори кулли омӯзгорон ва муҳассилини муассиса буда, бори дигар собит месозад, ки ин даргоҳи илму ҳунар дар тарбияи мутахассисони касбии соҳаи санъати мусиқӣ нақши калидӣ дорад.
Ин муваффақият ба кулли ҷавонон ва наврасон, ки дар ҷодаи санъати мусиқии касбӣ таҳсил ва фаъолият менамоянд, неруи тоза мебахшад.