Боздид аз парвариши чорвои калони хушзот ҶДММ “Некбахт” дар ноҳияи Мастчоҳ
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо парвариши чорвои калони хушзот ва гуштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” шинос шуданд.
Ин фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд ёфта, аз бинои алоҳидаву ёрирасон иборат мебошад ва дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароити хуб фароҳам гардидааст. Ферма барои парвариши 100 сар чорво пешбинӣ ва бо ин мақсад чорвои хушзот ворид карда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфта, чорвои калони зоти “сементалӣ” аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус ворид карда шудааст. То имрӯз аллакай 100 сар чорво ворид гардидааст, ки аз он 25 сарашро модагов ташкил медиҳад.
Чорвои калони зоти сементалӣ, ки барои гӯшт ворид карда шудааст, шашмоҳа буда, ҳар як сар то 300-400 кг вазн дорад ва дар ин ферма чорво то 6-8 моҳ нигоҳубин карда мешавад. Дар ин муддат вазни ҳар сар чорво то ба 800-1000 кг мерасад.
Бино ба андешаи мутахассисон ин зоти чорво барои истеҳсоли гушт мувофиқ буда, аз ҳар сари он то 65 фоиз гушти босифат ва бозоргир гирифта мешавад. Яъне агар вазни зиндаи чорво ба 1000 кг баробар гардад, дар ин сурат метавон то 650 кг гушт истеҳсол ва бо ин восита дар ферма дар як сол 600-650 тонна истеҳсоли гушт ба роҳ монда мешавад.