Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар шаҳри Турсунзода

Posted Fri, 10/18/2024 - 09:32
By shahnavoz

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуда, бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии аз ангур омодашуда сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ шинос шуданд.

Ангури «Шоҳона», «Президент», «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ғалаба», «Кардинал», «Пешпазак»,  «Аватар», «Велес» ва дигар навъҳо, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» парвариш гардида, талабот дар дохил ва хориҷи мамлакат ба онҳо зиёд аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар ихтиёри худ 100, 74 гектар токзори ҳосилдиҳанда  дорад.  Дар хоҷагӣ 164 нафар саҳмдорон кор мекунанд, ки онҳо низ аз 5 то 10 нафарӣ коргар доранд.

Имсол низ новобаста аз таъсири манфии сардиҳои соли қаблӣ, бо истифода аз таҷриба ва усулҳои санҷидашудаи парвариш саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Ҳосил аз ҳар гектар боғ вобаста ба навъҳо аз 30 то 40 тоннаро ташкил додааст.

Токзорро асосан ангури навъҳои «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ» ташкил мекард, акнун бинобар талабот ба навъҳои боз ҳам беҳтари ангур саҳмдорони хоҷагӣ марҳила ба марҳила бо роҳи пайвандкунӣ онҳоро ба ангурҳои “Велес ” ва “Аватар” табдил дода истодаанд. Барои таҷриба навъҳои дигар баландҳосил низ дар ҳоли озмоиш аст.   

Аз фаровонии навъҳои ангури «Аватар» ва «Кардинал», ки ҷамъоварии он низ дар хоҷагӣ идома дорад,  аён аст, ки ин навъҳои воридотӣ аллакай ба иқлим мутобиқ шудаанд ва ҳосили баланд дода истодаанд.

Муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад. Ҳамасола чун мактаби таҷриба дар ин хоҷагӣ машғулияти амалии саҳроӣ барои дигар ангурпарварон ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар аз худ намудани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани боғҳои ангур дар мамлакат мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз хоҷагӣ 30 дарсади ҳосили умумии боғҳо содир гардида, ин раванд идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, ғунҷоиши он 700 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин сардхона низ ба қадри кофӣ ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Таҷрибаи наве, ки тайи солҳои охир дар  хоҷагӣ ҷорӣ шудааст, хушк кардани ангур мебошад, ки бо риояи технологияи махсус амалӣ мегардад. Имсол низ саҳмдорони хоҷагӣ  аз 40 тонна ангури тару тоза 10 тонна мавизи хушсифат истеҳсол намуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки агар саҳмдорони хоҷагӣ солҳои қаблӣ асосан ангури навъи “Ғалаба”-ро хушк карда, ба хориҷи кишвар ва бозорҳои дохили ҷумҳурӣ мебароварданд, имсол ба таври таҷриба ангури навъҳои «Велес», «Президент», «Шоҳона» ва «Аватар» - ро хушк намудаанд.

Хоҷагидорон нақша доранд, ки, дар   оянда ба таври васеъ хушккунии ангур аз навъҳои «Аватар» ва «Велес»-ро ба роҳ монанд. Бино ба натиҷаи таҷриба, аз ин навъи ангурҳо мавизи хушсифат ба даст оварда шудааст.

Бо коркарди ангур ва истеҳсоли мавиз самараи иқтисодӣ зиёд гардида, дар баробари таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои иловагии корӣ, даромади бештар  ба даст оварда мешавад. Аз 4 килограмм ангури тару тоза 1 килограмм мавизи хушсифат ҳосил мешавад. Мавизи истеҳсолгардида то 100 сомонӣ ва баъзе аз навъҳо аз ин бештар харидор дорад. Мавиз бо ду усул – офтобӣ ва соягӣ омода карда мешавад.

Бо назардошти иқлим ва шароити мусоиди кишвар заҳматкашони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо мавизи дар офтоб хушкшуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштамъу босифат аст. Ҳадафи ба роҳ мондани хушкнамоии ангур бо чунин усул рақобатпазир гардонидани маҳсулоти ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани амалҳои хайр низ саҳми назаррас доранд. Хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва ободонии маҳал саҳм мегузорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила коркарди бештари ангур, таъсиси иловагии ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротӣ, анҷоми корҳои хайр ва ҳиссаи назаррас гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба саҳмдорон ва роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳамин тавр имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои таълимии Литсей –Интернат барои кӯдакони болаёқати шаҳри  Турсунзода барои 1000 хонанда дар ду баст, сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020”, се муассисаи томактабӣ барои 700 кӯдак, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар 2 баст ва корхонаи хиштбарорӣ ва қубурҳои пластикии ҶДММ “Нигора”бо иқтидори 4,6 млн дона хишт ва 3 тонна қубурҳои пластикӣ дар як сол ба  истифода дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла марҳилаи дуюми ҶДММ “АлюминПроф”, лоиҳаи сохтмони ҶДММ “Амиго”, ҶДММ “Алюмини аввалин” ва “Саноати алюмин” муаррифӣ карда шуд. Бо бунёди корхонаҳои мазкур боз барои зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон ҷойҳои корӣ таъсис дода мешавад. Ин соҳибкорон ҳамчунин уҳдадорӣ гирифтанд, ки барои нигаҳдории беш аз 6,5 ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаҳои нави муосир бунёд менамоянд.

Дар ҳошияи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ҳамчунин 5 иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 192 хонанда дар ду баст, Маркази савдо бо 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5-уми шаҳр, марҳилаи дуюми бозори “Ҷаҳони Бозургон" бо 1000 нуқтаи савдо, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 192 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дармонгоҳҳои хусусӣ дар кучаҳои “15-солагии Истиқлолият” ва “Аҳамади Дониш” мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 1500 нафар  бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Дар баробари ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватӣ аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 61 км роҳҳои маҳаллӣ асфалтпуш ва 18 км роҳҳо бетонпуш карда шуд.