Боздид аз гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” дар шаҳри Бохтар
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуданд.
Майдони умумии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” 10, 14 гектарро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи якум гармхона дар масоҳати умумии 3,3 гектар бунёд ва барои парвариши сабзавоти гуногуни барвақтӣ, нигаронида шудааст.
Гармхонаро соҳибкорони ватанӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Ҳоло дар гармхона асосан бодиринги навъҳои гуногун, помидор, қаланфури булғорӣ ва боимҷон парвариш меёбад.
Сабзавот дар гармхонаҳо ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.