Боздид аз ҷараёни нашъунамои полезӣ ва лӯбиёгиҳо дар хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:11
By shahnavoz

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19”, нашъунамои полезиҳо, лӯбиёгиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулину мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Саҳмдорони хоҷагӣ замини киштро пурраю оқилона истифода бурда, пахта, полезӣ, сабзавот ва лӯбиёгиро кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Дар хоҷагӣ масоҳати полезиҳо - харбузаю тарбуз 0,7 гектарро ташкил медиҳад. Полезиҳо охири моҳи март кишт карда шуда, ҳосили аввали харбузаю тарбуз пухта, ба ҷамъоварӣ омода гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу саҳм ва маҳорату кордонии деҳқонони ноҳияи Мастчоҳро дар истеҳсоли маҳсулот, хусусан пахта, чормағзи заминӣ, полезӣ ва рушди чорводорӣ хоса таъкид намуданд. Аз ҷумла, хоҷагидорону аҳолии ноҳия дар парваришу рӯёнидани полезиҳо шинохта шудаанд.