Ба истифода додани Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ

Posted Thu, 07/13/2023 - 08:52
By shahnavoz

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ коргоҳи муосири дӯзандагӣ ва ҳунармандиро, ки яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи мазкур дар масоҳати 195 метри мураббаъ бунёд шудааст. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ сохта ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, хусусан дар деҳоти дурдаст ва фароҳамсозии инфрасохтори зарурӣ аз талаботи замон буда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла панҷсолаи рушди саноат мусоидат менамояд.

Ташаббуси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Маъруф Мелиев рӯи даст гирифта шудаааст.

Корҳои бунёдӣ дар иншоот моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ бо 16 мошинаи дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ороишдиҳанда ва дигар таҳҷизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.