Ба истифода додани хатти оби полезӣ ва боздид аз нашъунамои картошка дар ноҳияи Шаҳристон

Posted Thu, 07/13/2023 - 08:57
By shahnavoz

5 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шуданд.

Набудани оби полезӣ дар баъзе аз қисматҳои ин мавзеъ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.

Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ ва насби насосҳои махсуси обкашӣ 15 гектар замини корами мавзеи Хуррамдара обёрӣ шуд.

Оби полезӣ ба ин мавзеъ аз масофаи қариб як километр бо қубури қутраш 110 миллиметра оварда шуда, барои захира ва таъмини доимии он ҳавзи махсус бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Нур” ва суҳбати самимӣ бо деҳқонону масъулони соҳа таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина кишоварзону деҳқонон бояд аз боду ҳаво ва имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд то сол аз сол ҳосилнокии маҳсулот дар заминҳои корам афзоиш ёбад.