Ба истифода додани гармхонаи инноватсионии ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Левакант
Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Гармхонаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” дар масоҳати 10 гектар замин бунёд намудааст. Дар як гармхонаи он бодиринг шинонида шудааст ва ҳоло ниҳолҳои он пурборанд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар бештар аз 1 гектар замини дохили гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли бодиринг бо дарназардошти талаботи аграрӣ шинонида шудааст, ки ҳар бехи он аз 3 то 4 килограм маҳсулот дорад. Дар умум аз як гектари гармхонаи мазкур тибқи дурнамо дар як давра бояд то 100 тонна ин навъи маҳсулот ба даст оварда шавад. Дар маҷмуъ дар ҳолати истифодаи пурраи гармхонаи мазкур то ба 1000 тонна намудҳои гуногуни маҳсулоти аълосифат аз ин ҷо ба даст овардан мумкин аст, ки ин нишондод барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар тамоми фасли сол саҳми назаррас хоҳад гузошт. Тибқи нақша дар ин гармхона ҳамчунин парваришу истеҳсоли помидори навъи “Замира” ва қулфинай дар назар дошта шудааст.