Ба истифода додани бинои шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Posted Fri, 11/08/2024 - 13:12
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

Нахуст дар маркази ноҳия Роҳбари давлат бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ аз ду ошёна ибора буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дар маҷмуъ дорои 60 кат мебошад.

Дар ин шуъба 136 нафар, аз ҷумла акушер-гинеколог, табиби навзодон, эҳёгар, амрози занона, момодоя, ҳамшираи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ, фаъолият мекунанд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави шуъбаи таваллуд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, дигар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ низ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин карда шуданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо табибону кормандони шуъбаи мазкур баён доштанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо мусоидат мекунад.

Акнун сокинони ноҳия имкон пайдо кардаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида, бе харҷи зиёдатӣ ба ташхису табобати босифат фаро гирифта шаванд.

Бо назардошти зарурати солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия  мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида мешавад.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табибон метавонанд на танҳо ба ниёзмандони маркази ноҳия ва деҳоти он, балки аз деҳаҳои наздики ноҳияҳои атроф низ беморонро бо хизматрасонии хуби тиббӣ фаро гиранд.

Сокинон ва табибони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавиро, ки дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бунёд шудааст, туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд.

Намои шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маркази ноҳия зебогӣ бахшида, саҳни иншооти нав бо гулҳои рангоранг сабзкорӣ шудааст.

Корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар самти беҳсозии вазъи хизматароснии тиббӣ дар ноҳия боис мегардад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.