Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
Дар мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карда, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
