Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.
Фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” дар доираи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудаааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограм вазн мегиранд ва барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.
Иқтидори фабрика истеҳсоли дар як марҳила 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Яъне, соҳибкорони ҷамъияти “Ганҷи Сомон” дар таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.
Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ буда, муассис нақша дорад аз ҳисоби даромади минбаъдаи корхона музди меҳнатро боз баланд бардорад.
Тибқи нақшаи дурнамо соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки дар муҳлати наздик ин корхонаи парандапарварӣ, марҳилаи дуюми он ва корхонаи хӯроки омехтаи чорвою паранда, ки фаъолият дорад, якҷо ба як комплекси калону муосири парандапарварӣ табдил меёбад.
Сарвари давлат ба соҳибкор дастуру маслиҳат доданд, ки инкубатори чӯҷабарорӣ, коргоҳҳои забҳи паранда, коркарду банду басти гӯшти паранда, анбор-сардхона сохта, дар минбаъда комплекси мукаммали парвариши паранда ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расонидани гӯшту маҳсулоти гӯштии аълосифати парандаро таъсис диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Дар гӯшаи намоишӣ тухми инкубатсионии парандаи зоти бройлерӣ, 9 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда дар банду басти ҷолибу хоса, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварию коргоҳҳои банду басти соҳа омода гардидааст, ҳамчунин, анвои хӯрокаи паранда ва нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратии корхона барои ояндаи наздик муаррифӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки ин ва дигар корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.