Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё

Posted Mon, 11/04/2024 - 09:28
By shahnavoz

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.

Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.

Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.

Сарвари давлати мо ба ташаббуси Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ доир ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» пешниҳод гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.