Муаррифии лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.
Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.
Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.
