Озмуни телевизионии Суруди модар ҷамъбаст гардид
Озмуни телевизионии Суруди модар соли сеюм аст,ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон Шаҳнавоз таҳти сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар таҷлил мегардад.Озмуни мазкур дар пайравӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳия ва пешниҳод мегардад.
Соли равон низ дар арафаи Рӯзи модар озмуни мазкур эълон гардида бо интихоби даҳгонаи беҳтарин аз миёни довталабон дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.