МАВЛОНО ПАЙВАНДГАРИ АСРҲОЮ НАСЛҲО...

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ пайваста талош менамояд. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Чунин изҳор гардид 28 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик иттиҳод гардида, ормонҳои барбодрафтаи ҳазорсолаи хешро дубора эҳё намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин фосилаи барои таърих бисёр кӯтоҳ мамлакати мо на танҳо ба давлати мутараққию дӯстдоштаи тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт, балки арзишҳои илмию фарҳангии онро баъди зиёда аз 1000 соли фаромӯшӣ эҳё намуда, номи шахсиятҳои таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро дубора зинда гардонид.
Аз ҷумла, аз соли 1999 баргузории 1100-солагии таъсиси нахустин давлати Тоҷикон – Сомониён ва дар солҳои баъдӣ таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрал ва даҳҳо шоирону олимон ва донишмандони гузаштаи миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил карда шуд.
МАВЛОНО ПАЙВАНДГАРИ АСРҲОЮ НАСЛҲО...
Дар доираи конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно дар толори пуршукуҳи қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж таҳти унвони «Сурудҳои мондагор» бахшида ба бузургдошти Ҷалолуддин Балхӣ барномаи ҷаззобу пурмуҳтавои ҳунарӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд, ки дар он аҳли ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Сурудҳое, ки пешниҳоди меҳмонон шуданд, ҳамагӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буда, аз тарафи ҳунармандони тоҷик дар сатҳи бисёр олӣ иҷро ва аз ҷониби иштирокчиёну меҳмонон бо хушнуди шодмонӣ пазируфта шуданд.