Ба истифода додани марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли қолинҳои ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Posted Tue, 10/31/2023 - 11:11
By shahnavoz

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе”-ро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти корхона боздид карданд.

Марҳилаи дуюми ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат” ба истифода дода шуд.

Корхона дар доираи тадбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллозода бунёд карда шуд.

Бо фаъол сохтани ду хати иловагии истеҳсолӣ дар корхонаи қолинбофӣ шумораи коргарон, ки аксаран бонувон мебошанд, ба 600 нафар расонида шуд.

Тазаккур дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” аллакай ба ҳаҷми истеҳсолоти ширкати “Қолинҳои Қайроқум” наздик шудааст, ки ин раванд нишона аз хуб ба роҳ мондани тавлидоти маҳсулот ва рақобатпазир истеҳсол шудани он мебошад. ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар пойтахти мамлакат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон мағозаҳои махсуси худро фаъол сохтааст, ки дар он маҳсулоти корхона ба фурӯш гузошта шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт низ чунин марказҳои фурӯш таъсис дода шаванд, то сокинон ба қолинҳои замонавӣ дастрасии бештар пайдо кунанд.

Масоҳати ҷойгиршавии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” 2,7 гектар буда, иқтидори истеҳсолии корхона 4500 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ва 13,5 ҳазор метри мураббаъ қолин бо шаклу тарҳи гуногун дар як моҳ мебошад. Иқтидори солонаи корхона дар як сол ба 4 миллиону 860 ҳазор метри мураббаъ мерасад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти марҳилаи дуюми корхона иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, онро намунаи барҷастаи амалисозии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат маънидод намуданд.

Баъд аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи дуюми Корхонаи қолинбофии ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои қолин ба маърази тамошо гузошта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхонаи саноатии мамлакат баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор карданд, ки раванди истеҳсоли маҳсулоти баландсифат таҳти назорат қарор дода шуда, ба масъалаи тақвияти содирот таваҷҷуҳи хоса равона гардад.

Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор карданд, ки нисбат ба ин таносуб аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли қолин дар мамлакат қариб ба сатҳи соли 1991 бароварда шуда, ҳаҷми истеҳсли маҳсулот ба 6, 4 миллион метри мураббаъро ташкил дод. Айни замон талабот ба қолин дар ҷумҳурӣ дар як сол 8,0 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Давоми солҳои охир ҳамаи 6 корхонаи қолинбофии амалкунандаи ҷумҳурӣ бо пешрафтатарин технологияи соҳавӣ, аз ҷумла бо 26 хати истеҳсолии Ширкати «Вандевил»-и Шоҳигарии Белгия фаъолияти худро ба роҳ монда, мутобиқ ба стандартҳои пазируфташуда мол истеҳсол мекунанд. Тазаккур дода шуд, ки тайи 9 моҳи соли равон дар мамлакат 3 миллиону 921,82 метри мураббаъ қолин истеҳсол шудааст. Ин нишондод дар нуҳ моҳи соли 2022 5 миллиону 515,09 метри мураббаъро ташкил медод. Иқтидори солонаи корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон 13 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як сол арзёбӣ мешавад. Тайи нуҳ моҳи соли равон ба мамлакат 3 миллиону 328,8 ҳазор метри мураббаъ қолин ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба содирот хеле зиёд аст. Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлати  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор карданд, ки нисбат ба ин таносуб аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.   

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандагии роҳбарияти ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”-ро шоистаи таҳсин хонда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти кишвар ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии ҳадафи муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карданд.