Вохӯрӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов
11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
