Дар остонам осмон, дар тори сар тоҷи Каён...
Точикон дар тули хазорсолахо чабру чафои ачнабиёнро бо сабру тахаммул ва бурдбории мардонавор паси cap намуда, бо дастовардхои безаволи фархангиашон бехтарин бозёфтхои маънавии нухбагони сарзамини хешро хифз кардаанд. Барой миллати куханбунёди точик пас аз сукути давлати Сомониён кариб хазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиклоли деринтизори сиёсӣ, иктисодӣ, ичтимоӣ ва фархангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиклолияти давлатии точикон аз чониби чомеаи чахонб бо каноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон хамвора дар орзуи расидан ба ин рузи хуррамиву фирузӣ ниёишхои зиёдеро ба калам овардаанд ва дар дахсолаи охири асри XX мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.