Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён

Posted Thu, 01/16/2025 - 18:23
By shahnavoz

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи маҷмӯи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мубодилаи афкор намуданд.