Ба истифода додани иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:20
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Насли истиқлол корхонаи парандапарварӣ ва коргоҳи забҳу коркарди гӯшти паранда ба фаъолият оғоз намуданд.

Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши солонаи то 300 ҳазор сар мурғ ва коргоҳи коркарди гӯшт барои забҳу коркарди то 190 ҳазор сар мурғ дар як моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҳарду иншоот дар маҷмуъ 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ ду ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши умумии 3000 метри мукааб сохта шуда, 878 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар соҳаи маориф муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусии Ворисон барои 550 хонанда ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ворисон барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар соҳаи тандурустӣ филиали Маркази тиббии Насл ба истифода дода шуд. Барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии филиали Маркази тиббии Насл 40 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд.